Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Таъқиби "Ал-Қоида" идома хоҳад кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, изҳор намуд, ки кишвараш баъд аз машварат бо мақомоти Покистон таъқиби сарони гурӯҳи “Ал-Қоида”-ро идома хоҳад дод. Дар як сӯҳбати телевизионӣ Обама ҳамчунин гуфт, ки ИМА ба истиқлолияти Покистон арҷ мегузорад ва дар қаламаври ин кишвар амалиёти низомӣ доир карданӣ нест. Сарвари Амрико ҳамчунин гуфт, ки кишвараш хостори масъулияти бештари мақомоти Покистон дар мубориза бо мусаллаҳони "Ал-Қоида" ва ҷунбиши "Толибон" дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG