Мақомоти покистонӣ мегӯянд, масҷиде дар шимолуғарби ин кишвар бар асари таркиш вайрон ва чандин нафар дар ин ҳодиса кушта ва захмӣ шудаанд. Намояндаи ҳукумати маҳаллии шаҳраки Ҷамрӯд дар наздикии марз бо Афғонистон ба хабаргузории Ассоишейтед Пресс гуфтааст, гурӯҳҳои наҷот ба ҷои ҳодиса расидаанд ва зиндамондагонро аз зери шикастпораҳо берун меоранд.