Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирек Тополанек аризаи истеъфо навишт


Сарвазири Ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек имрӯз расман аризаи истеъфои худро ба раисиҷумҳур Васлав Клаус пешниҳод кард. Тибқи қонун, истеъфои сарвазир маънои истеъфои ҳамаи кобинаи вазиронро дорад.
Рӯзи сешанбе палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Чех ба ҳукумати Мирек Тополанек изҳори беэътимодӣ кард. Ҷумҳурии Чех айни ҳол раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар дӯш дорад. Тибқи созиши ҳосилшуда, ҳукумати феълӣ то поёни раёсати кишвар дар Иттиҳодияи Аврупо дар моҳи июл фаъолияташро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG