Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Туркманистон ва Русия


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев натавонист дар ҷараёни боздиди ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов созишномаи энержии аз пеш тарҳрезишударо имзо кунад, аммо мақомот мегӯянд, ки чунин як қарордод дар ояндаи наздик ба имзо мерасад. Мулоқоти дирӯзаи Медведеву Бердимуҳаммадов болои барномаи бунёди лӯлаи газе тамаркуз дошт, ки аз канораҳои Дарёи Хазар сохта мешавад ва аз хоки Туркманистон гузашта тавассути Қазоқистон ба Русия мерасад. Медведев ин музокираҳоро хеле муфид арзёбӣ кард ва гуфт:

"Ҳамонтавре ки дар равобити мо тақозо мешавад, амиқу батафсил масъалаи ҳамкориҳоро дар бахши энергетикӣ баррасӣ кардем ва инчунин ҷараёни татбиқи бархе созишномаҳои муштараки байниҳукуматиро низ арзёбӣ кардем, ки бунёди лӯлаи гази Хазар ва дигар тарҳҳоро дар назар мегирад".


Ёвари Медведев Сергей Приходко гуфт, ки дар ин масъала ҳеҷ ихтилофи назаре вуҷуд надорад, фақат ин санад бояд такмил шавад. Қимати ин пружаро, ки моҳҳои июн ё июл ба имзо мерасад, дар ҳудуди як миллиард доллар арзёбӣ мекунанд. Русия харидори собиқадори гази Туркманистон мебошад, аммо ҳоло Иттиҳодияи Аврупо низ мехоҳад ин кишварро ба сохтмони лӯлаи нави Nabucco шомил кунад, ки ҳамчун василаи алтернативии гази Аврупо арзёбӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG