Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили Наврӯз дар Санкт-Петербург


Бо ибтикори шаҳрдорӣ ва Кохи миллатхои Санкт-Петербург дар варзишгоҳи “Зенит”-и ин шаҳр ҷашнвораи "Наврӯз-2009" баргузор шуд. Ба иттилоъи созмони “Сомониён”, созмонҳои миллии озариҳо, афғонҳо, доғистонихо, тоҷикон, қазоқу қирғизҳо ва узбаку туркманҳо бо намоиши либосҳои миллӣ, таомҳои мардумӣ ва ҳунарҳои бостонӣ ба ҷашнвора таровати хоса эҳто карданд. Дар мусобиқоти гуштин, ки дар чаҳорчӯби ҷашнвора доир гардид, паҳлавонони тоҷик дастболо шуданд.
XS
SM
MD
LG