Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти мухолифин дар Гурҷистон идома дорад


Дар Гурҷистон боздошти фаъолони мухолифин идома дорад. Тибқи иттилоъи ахир, айни ҳол 12 узви ҳизби“Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид”, ки ба он раиси пешини парлумон Нино Бурҷанадзе раҳбарӣ мекунад, аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шудаанд. Раёсати ҳизб мегӯяд, ки ин боздоштҳо – вокуниши ҳукумат ба тасмими ҳизб барои баргузории гирдиҳамоии густарда бо талаби истеъфои Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон аст. Қарор аст гирдиҳамоии эътирозии мухолифин рӯзи 9 апрел баргузор шавад.

Нино Бурҷанадзе дар робита ба боздошти фаъолони ҳизб гуфт, ки бо вуҷуди таъқибу фишори мақомот ҳизб фаъолияти оппозитсионии худро дар чаҳорчӯби қонун идома медиҳад. Аз ин пеш вазорати умури дохилаи Гурҷистон навори видеоиеро пахш кард, ки дар он, ба иддаои мақомоти ҳифзи тартибот, далелҳои харидории силоҳ аз сӯи фаъолони ҳизби “Ҳаракати демократӣ - Гурҷистони воҳид” сабт шудаанд.
XS
SM
MD
LG