Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Македония


Дар Македония даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ анҷом шуд, ки ҳамчун марҳилаи муҳиме дар таърихи сиёсии ин кишвари ҷӯёи узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО арзёбӣ мешавад. Барои интихоби раиси ҷумҳурии нави ин кишвар, ки барои анҷоми мӯҳлати панҷсолаи раҳбарӣ сари қудрат меояд, ҳудудан 1,8 миллион нафар ҳақи овоздиҳиро доштанд. Дар баргаҳои раъй исми шаш номзад зикр шуда буд, ки аз миёни онҳо, шонси пирӯзии Георгий Иванов аз ҳизби муҳофизакори ҳоким баландтар назар ба дигарон арзёбӣ мешавад. Даври дуюми интихобот ба таърихи 5 апрел муқаррар шудааст. Дирӯз сокинони Македония инчунин барои интихоби раисони шаҳру шӯроҳои калонтарини кишварашон пои сандуқҳои раъй рафта буданд. Раиси комиссиюни интихоботии Македония Александр Новковски гуфт, ки ҷараёни раъйдиҳӣ бидуни бетартигиву беназмӣ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG