Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистони маҳбус эҳтимолан ба Пехнян интиқол ёфтаанд


Хабаргузориҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ду журналисти боздоштшудаи амрикоӣ ҳоло дар Пхенян мавриди бозпурсӣ қарор доранд. Мақомоти Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе иқрор карданд, ки ин журналистонро барои убури ғайриқонунии марз дар наздикии сарҳади Чин боздошт кардаанд. Ҳарду журналист зан буда, мехостанд, дар бораи паноҳандагон дар марзи Кореяи Шимолӣ ва Чин гузориш омода кунанд. Хабаргузориҳо мегӯянд, журналистон рӯзи панҷшанбе боздошт ва аз марз ба пойтахти Кореяи Шимолӣ мунтақил шудаанд.
XS
SM
MD
LG