Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизороти Медведев аз мулоқот бо Обама


Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, умедвор аст, дар мулоқоташ бо Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико дар моҳи оянда ҳамкориҳои ду кишвар ба таври воқеъӣ эҳё хоҳад шуд. Қарор аст, ду раҳбар дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар шаҳри Ландан рӯзи якуми апрел дидору гуфтӯгу кунанд. Равобити Амрикову Русия дар замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш сарду тира шуд. Сергей Рябков – муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз гуфт, ба эътиқоди Русия, “марҳилаи поёнтарини ин замони сардӣ” хотима ёфтааст.
XS
SM
MD
LG