Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашумин солгарди ҳамла ба Ироқ


Аз замони ҳамлаи ба раҳбари Амрико ба Ироқ, ки режими Саддом Ҳусайнро сарнагун кард, имрӯз 6 сол пур шуд. Солгарди ҳамла ба замоне иттифоқ афтодааст, ки дар Ироқ хушунат ниҳоят кам шуда ва нерӯҳои интизомии Ироқ худро барои қабули масъулияти бештари таъмини амният аз нерӯҳои амрикоӣ омода мекунанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, моҳи феврали имсол дар Ироқ 288 нафар ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд, ки дар муқоиса бо моҳи феврали соли гузашта 63 дар сад камтар аст. Қарор аст, дар зарфи се моҳи оянда нерӯҳои Амрико аз шаҳру ноҳияи бузурги Ироқ хориҷ шаванд. Амрико мехоҳад, то соли 2011 тамоми нерӯҳояшро аз Ироқ хориҷ намояд.
XS
SM
MD
LG