Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони вазорат савори дучарха ба кор мераванд


Аз 1 апрели соли ҷорӣ бархе ходимони вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон бо дучарха ё велосипед сари кор хоҳанд омад. Муовини вазир Бек Зуҳуров дар сӯҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба хотири кам кардани хароҷоти нақлиётии вазоратхона дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ин сохтори давлатӣ 100 адад дучархаҳои сохти Чину Русияро харидорӣ карда онҳоро ба коргарон тақсим карданист. Вазорати нақлиёт гуфтааст, ки дучархаҳо дар ихтиёри ҳама сохторҳои тобеи он - яъне Почтаи давлатӣ, Тоҷиктелеком тақсим шудааст. "Авасто" менависад, ки навоварии мазкур хуб қабул шудааст. Вазорат мегӯяд, ки чунин иқдом дар пайравӣ аз таҷрибаи кори бархе сохторҳои давлатии хориҷӣ гирифта шудааст. Сабаби дигар дар ин аст, ки бо афзуншавии торафти шумори мошинҳои сабукрав дар хиёбонҳои Душанбе дар соатҳои корӣ роҳҳои марказии пойтахт зиёд банд мешаванд ва коргарон вақти бисёри худро дар роҳ сарф мекунанд.
XS
SM
MD
LG