Пайвандҳои дастрасӣ

Касри буҷа аз ҳисоби қарзи Русия


Мақомоти Қирғизистон мехоҳанд касри буҷаро бо кумаки қарзи Русия аз байн бубаранд. Вазири молияи кишвар Мурод Султонов имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки соли равон даромади буҷа назар ба нақша 125 миллион доллар коҳиш хоҳад ёфт. Моҳи гузашта Маскав ба Бишкек ба маблағи 150 миллион доллар кумаки ройгон кард ва ҳамчунин 2 миллиард доллар қарзро дар ихтиёраш гузошт. Ба думболи ин раиси ҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар бораи лағви созиш бо ИМА оид ба истиқрори пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манаси канори Бишкек амр содир кард. Ин амр аз сӯи парлумони Қирғизистон пазируфта шуд ва акнун ин пойгоҳ, ки такягоҳи нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад, бояд то миёнаҳои тобистон баста шавад.
XS
SM
MD
LG