Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз тасмими ҳукумати Покистон истиқбол кард


Ҳилларӣ Клинтон-вазири хориҷаи Амрико аз барқарории қозиёни додгоҳи Покистон ба мақомҳои пешинашон истиқбол кард ва гуфт, чунин кор ба Исломобод имкон медиҳад, ки бештар ба мубориза бар зидди тундгароён дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон тамаркуз кунад. Хонум Клинтон ин иқдомро ҳамчунин қадами нахуст дар роҳ ба сӯи таъмини демократия ва авлвияти қонун дар Покистон хонд. Юсуф Разо Гилонӣ эълон кард, ки Ифтихор Чоудрӣ-раиси қозиёни додгоҳро ба мақомаш барқарор мекунад. Ҳадаф аз ин иқдом коҳиши рӯёрӯӣ бо мухолифони ҳукумат аст. Ҳукумати кунунӣ қавл дода буд, ки қозиёни додгоҳро ба мақомашон барқарор мекунад.

XS
SM
MD
LG