Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G20 мекӯшад, то бар буҳрон пирӯз гардад


Лаҳзае аз мулоқоти Ҳоршем
Лаҳзае аз мулоқоти Ҳоршем

Дар шаҳри Ҳоршэм (Бритониёи Кабир) мулоқоти вузарои молия ва сарони бонкҳои марказии 20 кишвари иқтисодашон мутараққӣ ба охир расид.

Ин мулоқот яке аз мароҳили тайёрии нишасти «бистгонаи бузург» буд. Ин нишаст, қарор аст, 2-вуми апрел дар шаҳри Лондон ба кори худ шурӯъ кунад.

Дар эъломияи ниҳоии ширкаткардагон омадааст, ки «ҳама талошҳои ҳамоҳангшуда барои фатҳи буҳрони ҷаҳонӣ рӯи даст гирифта мешавад».

Бо вуҷуди ин, байни ширкаткунандагони мулоқоти ахир баъзе ихтилофи назар оид ба он, ки кадом чораҳо дар муқобили буҳрон авлавиятдор ҳастанд, ба миён омад.

Гордон Браун, сарвазири Бритониёи Кабир, мутазаккир шуд, ки ислоҳоти системаи танзими молиявӣ бояд ҳамчун масъалаи авлавиятдори ҷомиъаи ҷаҳонӣ қабул гардад. Ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои молиявӣ ва хазинаҳои бимаи бонкӣ бояд дар таҳти идораи байнулмилалӣ қарор гиранд.

Ангела Меркель, садри аъзами Олмон, изҳор намуд, ки дар ҷаҳон набояд ашхос ва муассисае берун аз идораи байнулмилалӣ бошад. Ӯ ҳамчунин изҳори хушнудӣ намуд, ки теъдоде аз муассисоти оффшорӣ ҳамакнун ба ризоят додаанд, то иттилоъоти заруриро ба мақомоти андозситонӣ пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, вузарои молияи G20 ба ин қарор омаданд, ки захоири Сандуқи байнулмилалии пулро афзунтар намоянд. Арқоми дақиқ дар нишасти Лондон машварат хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG