Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Асмо Ҷаҳонгир доир ба Тоҷикистон


Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал рӯзb 12 март дар шаҳри Женева вазъи ҳуқуқи инсон ва эҳтиром ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард. Асмо Ҷаҳонгир – гузоришгари махсуси Созмони Милал дар умури озодии эътиқод ва мазҳаб, дар ин нишаст аз вазъи аққалиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст. Асмо Ҷаҳонгир, ки аввали соли 2007 дар Тоҷикистон буд, ҳамчунин гуфтааст, аз вазъи ҳуқуқи занони тоҷик нигарон аст, ки бинобар урфу суннатҳои мардумӣ ҳуқуқашон зери по мешавад. Ҷамшед Ҳамидов дипломати тоҷик, зимни ин нишаст гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад, то ба ҳуқуқу озодиҳои тамоми намояндагони мазҳабҳо арҷ гузорад ва намояндагони тамоми мазоҳиб аз ҳуқуқи баробар бархурдоранд.
XS
SM
MD
LG