Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши адовати қавмӣ дар Русия


Дар Русия аз оғози соли равон 46 ҳамла дар пояи адовати қавмӣ сабт шудаааст. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари ин ҳамлаҳо 16 нафар кушта шуда тақрибан, 50 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Александр Брод, раиси Бюрои дифоъ аз ҳуқуқи башари Маскав ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки бештари ҳамлаҳо дар ду шаҳр - Маскав ва Санкт-Петербург ва асосан алайҳи узбакҳо, қирғизҳо ва шаҳрвандони мамолики африқоӣ сурат гирифтаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳадс мезананд, ки бар асари бадтар шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва жарфтар шудани бӯҳрони молӣ дар Русия ҳамлаҳо бар пояи адовати қавмӣ афзоиш хоҳанд ёфт.

XS
SM
MD
LG