Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Ҳу Ҷинтао ба раҳбарони Тибет


Раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао, имрӯз ба раҳбарони Тибет гуфт, ки онҳо бояд Девори Бузурге бар зидди ҷудоихоҳӣ дар минтақаи Ҳимолой бунёд кунанд. Изҳороти вай дар ҳоле садо дод, ки Чин нерӯҳои изофиеро дар марзҳои Тибет бо Непал ва Ҳинд ҷобаҷо кардааст. Ин тасмим дар арафаи 50-умин солгарди шӯриши саркӯбшудаи тибетиҳо бар зидди Чин гирифта шудааст. Соли гузашта ҷилавгирӣ аз раҳпаймоии роҳибони тибетӣ дар солгарди шӯриши соли 1959 дар Лҳоса, пойтахти Тибет, ба хушунатҳои густарда сабаб гашта буд.
XS
SM
MD
LG