Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хушунат бар зидди зан дар Қирғизистон


Табъизу хушунат бар зидди занон дар Қирғизистон дар ҳоли густариш аст. Мамат Момунов-муовини раиси Омбудсмани Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфтааст, дар соли 2007идораи онҳо аз заноне, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, тақрибан 200 шикоят дарёфт кардааст. Аксари ин шикоятҳо ба хушунатҳои хонаводаӣ иртибот доштааст. Вале дар 8 моҳи ахири соли 2008 шумораи чунин шикоятҳо ба 300 адад расидааст. Ба гуфтаи Момунов, бахши аслии ин шикоятҳо аз манотиқи дурафтодаи кишвар расидааст ва хушунатҳои хонаводаӣ 80 дарсади онро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG