Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев пешниҳоди Обамаро рад кард


Русия ба ҳама гуна пешниҳодҳо дар мавриди тағйири мавзеъгирӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон ба ивази мавқуф гузоштани тарҳи сипари мушакии Амрико дар Аврупо мухолиф аст. Ин изҳороти Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, имрӯз дар нишасти хабарияш дар Мадрид, пойтахти Испания садо дод. Сарвари Русия аз Вошингтон даъват кард, дар мавриди дифоъи мушакӣ пешниҳодҳое ба миён гузорад, ки ҳам ба манофеъи Амрико ва ҳам ба манфиати Русия бошанд.

Аз ин пеш, ба иттилоъи расонаҳои амрикоӣ, Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА дар як нома унвонии Дмитрий Медведев пешниҳод карда буд, ки агар Маскав Теҳронро барои даст бардоштан аз коркарди силоҳи ҳастаӣ ва сохтани мушакҳои дурпарвоз мутмаин созад, Вошингтон тарҳи сипари мушакии худ дар Аврупоро мутаваққиф хоҳад кард. Нашрияҳои New York Times ва Washington Post навиштанд, ки ин нома миёнаҳои моҳи феврал ба сарвари Русия фиристода шудааст. Русия ба тарҳи мустақарсозии сипари мушакии ИМА дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон қатъан мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG