Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Верховная Рада хостори истеъфои Огризко шуд


Парлумони Украина имрӯз барои истеъфои вазири умури хориҷаи кишвар Владимир Огризко раъй дод. Аз истеъфои вазир 250 вакили Верховная Рада пуштибонӣ карданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Ҳизби манотиқ ва Ҳизби коммунист барои аз курсии раҳбари идораи сиёсати беруна канор андохтани Владимир Огризко пойфишорӣ мекарданд. Ин ду ниҳоди сиёсӣ аз мавқеъи вазорати умури хориҷа дар баҳс бо Руминия шадидан интиқод мекарданд. Моҳи феврал Додгоҳи байнулмилалии СММ даъвоҳои Украина барои густариши манотиқи иқтисодӣ дар баҳри Сиёҳро рад кард. Бештари ин манотиқи бой аз захоири энерюӣ ба ихтиёри Руминия гузашт.
XS
SM
MD
LG