Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский аз нав муҳокима мешавад


Собиқ соҳибкори сарватманди Русия, Михаил Ходорковский, имрӯз тибқи иттиҳомоти наве мавриди муҳокима қарор мегирад. Вай аллакай мӯҳлати ҳабси худро дар Сибир паси сар мекунад, ки барои надодани андоз ва сирқати молӣ дар соли 2005 гирифта буд. Акнун Ходорковскийро барои ҳамдастӣ дар рабоиши 900 миллиард рубл ва шустушӯи 500 миллиард рубли дигар айбдор мекунанд, ки метавонад, ҷазои 22 соли ҳабсро дар пай дошта бошад. Ходорковский ва тарафдорони ӯ мегӯянд, вай маҳбуси сиёсист ва барои даъвоҳои сиёсияш ширкати Юкоси ӯ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG