Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Карзай даъвати ӯро ба интихоботи зуд танқид кард


Рақиби Ҳомид Карзай дар интихоботи президентии Афғонистон, даъвати ӯро ба баргузории зудтари интихобот шадидан танқид кард. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, собиқ вазири молия ва яке аз номзадҳои эҳтимолӣ дар интихобот гуфт, вай дар ин маъракаи шармовар ширкат нахоҳад кард. Паймони Атлантики Шимолӣ ҳушдор дод, ки пеш овардани таърихи баргузории интихоботи президентии Афғонистон, пайомадҳое барои амният хоҳад дошт. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, рӯзи шанбе хост, интихобот на дар 20-уми август, балки се моҳ пештар баргузор шавад. Таърихи 20-уми августро бо назардошти мушкилоти амниятӣ ва фаннӣ Кумиссюни мустақили интихоботии Афғонистон пешниҳод карда буд. Сухангӯи НАТО гуфт, таъини рӯзи интихобот кори афғонҳост, аммо агар овоздиҳӣ дар моҳи август баргузор мешуд, таъмини амнияти он осонтар мегашт. Иёлоти Муттаҳида низ августро беҳтарин фурсат барои интихобот номидааст.
XS
SM
MD
LG