Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес талаби табибонро нодида гирифт


Табибон ба раисиҷумҳури Венесуэла Уго Чавес тавсия додаанд, ки чанд рӯз сокит бимонад. Ва аммо дар барномаи телевизионии ахир, Чавес на фақат ин тавсияро нодида гирифт, балки барои ҷонибдоронаш таронаеро замзама кард.

Уго Чавес ва ҷонибдоронаш моҳи гузашта дар раъйпурсии миллӣ оид ба вуруди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пирӯз шуданд ва акнун Чавес метавонад боз чанд бори дигар дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Давраи кунунии раҳбарии Уго Чавес соли 2013 ба поён мерасад, вале ӯ мегӯяд, ки барои бароварда сохтани ормонҳои “инқилоби сотсиалистӣ” дар Венесуэла ба мӯҳлати бештар ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG