Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори ҳузури тӯлонӣ дар Афғонистон нест


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, бо вуҷуди тасмимаш ҷиҳати эъзоми нирӯҳои изофӣ ба Афғонистон, Амрико хостори ҳузури дарозмуддати низомӣ дар он кишвар нест. Обама дар як сӯҳбати телевизионӣ гуфт, Афғонистон собиқаи муқовимат бо нирӯҳои ишғолгарро дорад ва Амрико рӯи ин собиқа ҳисоб мекунад. Аммо ӯ нагуфт, ки оё нирӯҳои Амрико мушаххасан кай аз Афғонистон берун хоҳанд рафт. Вошингтон ахиран бар замми беш аз 30 000 сарбозе, ки дар Афғонистон дорад, ҷиҳати ирсоли 17 000 сарбози изофӣ ба он кишвар тасмим гирифт.
XS
SM
MD
LG