Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама буҷаи 2010-ро эълон хоҳад кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама имрӯз қарор аст, аввалин тарҳи буҷаи ҳукумати худро ба Конргесси Амрико пешниҳод кунад. Тибқи хабарҳо, он 3 триллион доллар бештар буда, бахши асосии замима ба ислоҳи низоми беҳдошт тахассус ёфтааст. Он ҳамчунин афзоиши бузурги андоз аз даромади сарватмандонро дар назар дорад. Буҷаи соли 2010, ки Обама имрӯз ба Конгресс мефиристад, ҳамчунин баёнгари парҳез аз сиёсатҳои ҳукумати Буш ва шаклгирии бисёре аз ваъдаҳои интихоботии Обама аст. Ин тарҳ харҷи зиёда аз 200 миллиард долларро дар амалиёти ҷангии 18 моҳи оянда пешбинӣ мекунад, ки аз он 75 миллиарду 500 миллион доллар ба густариши амалиёт дар Афғонистон равона хоҳад шуд. Касри буҷа дар соли 2009 1, 75 триллион долларро ташкил хоҳад дод. Аввали ҳафта Обама ин буҷаро "дидгоҳе барои Амрико" ва "пешнависи ояндаи мо" номид.
XS
SM
MD
LG