Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор сарбози бритониёвӣ дар Афғонистон


Дар Афғонистон чаҳор низомии бритониёвӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, се нафари онҳо рӯзи чаҳоршанбе бар асари таркиш дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, кушта шуданд. Як сарбози дигар дар ҳамин вилоят бар асари ҷароҳатҳои қаблан бардошта аз дунё даргузашт. Шурӯъ аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар соли 2001 дар ин кишвар 149 низомии бритониёвӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG