Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи парвандаи Қассоб такмил шуд


Мақомоти тафтишотии Ҳинд парвандаи Муҳаммад Аҷмал Қассоб, танҳо нафари зиндамонда аз омилони ҳамлаҳои хунини моҳи ноябр алайҳи шаҳри Мумбайро такмил карда, ӯро дар 12 ҷиноят муттаҳам донистаанд. Дар сурати дайни шудани ин иттиҳомот Қассоб метавонад ҳукми қатл бигирад. Бар асари ҳамлаҳои се моҳ пеш дар Мумбай беш аз 170 нафар кушта шуданд. Ҳинд ҷангиёни исломии мустақар дар Покистонро дар анҷоми ин ҳамла муттаҳам карда, гуфт, ин ҷангиӣн аз сӯи хадамоти кашфи Покистон ҳимоят мебинанд. Покистон ахиран эътироф кард, ки ҳамлаҳои Мумбай қисман дар қаламрави ин кишвар тарҳрезӣ шудаанд, вале даст доштани мақомоташ дар он ҳамлаҳоро радд кард.
XS
SM
MD
LG