Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду Толибро дар Покистон озод карданд


Бино ба гузоришҳо, ҳукумати Покистон дар ивази Хушҳолхон як соҳибмақоми давлатӣ, ки бо шаш муҳофизаш дар водии шимолуғарбии Свот ба асорати Толибон афтода буд, ду ҷангҷӯи ин гурӯҳро раҳо кардаанд. Муслимхон - сухангӯи Толибон, бо эъломи ин хабар ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати Покистон ваъда дод, як ҷангҷӯи дигарро ҳам озод мекунад, Мақомоти Покистон раҳоии Хушҳолхонро таъйид карда, вале дар бораи тадбили асирон чизе нагуфтаанд. Хушҳолхонро – рӯзи якшанбе дар водии Свот рабуданд, ки дар инҷо ҳукумат бо ҷангҷӯёни Толиб дар мавриди созиши оташбаси доимӣ музокирот доранд.
XS
SM
MD
LG