Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумати Афғонистон бояд тақвият ёбад"


Вазирони дифои кишварҳои узви НАТО имрӯз барои бознигарии стратегияи Афғонистон дар Кракови Лаҳистон ташкили ҷаласа мекунанд. Дар ин нишаст вазири мудофеаи Амрико Роберт Гейтс аз муттафиқон ирсоли нирӯҳои бештарро барои муқобила бо Толибон ва Ал-Қоида дар пешорӯи интихоботи моҳи августи имсол дархост кард. Бо таъкид ба мушкилоти имрӯзаи Афғонистон, дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт:

"Ҳадафи мо, мисли ҳамеша, таҳкими нақши ҳукумати Афғонистон ва масъулиятшиносии он аст. Ва мо на фақат кӯмакҳои идомаёбанди худро ба артиши миллии Афғонистон мавриди таҳқиқ қарор дода, инчунин роҳҳои тақвияти нирӯҳои милии полисро низ хоҳем дид. Мо дар баробари кӯмак ба баргузории интихоботи соли ҷорӣ ӯҳдадор буда, дар нишасти имрӯза инчунин истиқрори муваққати нирӯҳоямонро баррасӣ мекунем".

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳафтаи ҷорӣ дар бораи тасмими ирсоли 17 ҳазор нирӯи иловагии кишвараш ба Афғонистон изҳорот дод ва мақомот аз шарикони аврупоӣ тақозо карданд, ки аз ин иқдоми амрикоиҳо пайгирӣ кунанд. Оқои Скеффер дар нишасти имрӯза афзуд, аз ҳукумати Афғонистон тақозо мешавад, ки талоши бештарро барои решаканшавии ришвату фасод ва муассирияти ҳукумат ба харҷ диҳад.
XS
SM
MD
LG