Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт зойири ироқиро зимни бозгашт куштанд


Ҳашт зойири ироқӣ ҳангоми бозгашташон аз як маросими мазҳабӣ ба шаҳри Бағдод бар асари таркиши ду бомби канори роҳ ҳалок шудаанд. Дар ин таркишҳо, ки ду мусофирбари хурдро хароб кардаанд, ҳамчунин 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар шаҳри Карбало садҳо ҳазор нафар зойирони шиъамазҳаб дар маросими мазҳабии Арбаин ширкат меварзанд. Ҳудуди 30 ҳазор маъмури пулиси Ироқ барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо ба зойирон сафарбар шудаанд. Ҳафтаи гузашта бар асари бомбгузориҳо, 60 нафар зойири озими шаҳри Карбало ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG