Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук бо раҳбарони Ҳинд мулоқот кард


Таҳдидҳои ношӣ аз ҷангиёни мустақар дар Покистон мавзӯъи аслии мулоқотҳои имрӯзаи Ричард Ҳолбрук, фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон, бо раҳбарони Ҳинд дар Деҳлии нав будааст. Ҳолбрук гуфт, Ҳинду Покистон ва Амрико ба душмане рӯбарӯ ҳастанд, ки мустақиман ба раҳбарон ва сармояву мардуми мо таҳдид мекунад. Ҳинд ҷангиёни мустақар дар Покистонро дар ҳамлаҳои Мумбай, маркази тиҷоратии Ҳинд, ки дар моҳи ноябр мунҷар ба ҳалокати беш аз 170 нафар шуд, айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG