Пайвандҳои дастрасӣ

Имзо шудани қарордодҳо миёни Русияву Боливия


Имрӯз дар Маскав дар пайи мулоқоти руъасои ҷумҳуриҳои Русияву Боливия Дмитрий Медведев ва Иво Моралес миёни ду кишвар чанд қарордод, аз ҷумла роҷеъ ба сармоягузориҳои Русия ба риштаи истихроҷи гази Боливия, имзо шуд. Медведев гуфт, Маскав мехоҳад ниҳодҳои Боливияро дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо чархболҳо таъмин кунад. Боливия дуввумин захоири бузурги газ дар Амрикои лотиниро дар ихтиёр дорад ва Медведев гуфт, Русия дар эҳдоси лӯлаҳои нави газ дар он кишвар низ саҳм хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG