Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Конгресс аз сарнвишти аслиҳа дар Афғонистон


Як кумиссиюни Конгресси Амрико ҳушдор додааст, ки ҳазорон мил аслиҳаи амрикоӣ мумкин аст ҳоло дар Афғонистон дар дасти Толибон ё афроди Ал Қоъида бошад, зеро дар ин кишвар назорат бар аслиҳа заъиф аст. Дафтари гузоришоти ҳукуматии Амрико гуфтааст, вазорати дифоъи Амрико натавонистааст, тақрибан 87 000 мил аслиҳаро, ки ба нируҳои амниятии Афғонистон долда шуда буд, пайдо кунад. Як севвуми ин миқдор аслиҳа аз моҳи декабри соли 2004 то моҳи июни соли 2008 ба Афғонистон интиқол дода шудааст. Ин кумиссиюни Конгресси Амрико мегуяд, 135 000 мил аслиҳае, ки кишварҳои узви НАТО ба артиш ва пулиси Афғонистон додаанд, хориҷ аз назорат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG