Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба сирқат айбдор шудани муовинони Алексей Кудрин


Александр Бастрикин, раҳбари кумитаи тафтишоти додситонии кулли Русия, бидуни бурдани ном, муовинони собиқ ва кунунии вазири молияи ин кишварро дар сирқати маболиғи бузурги давлатӣ айбдор кард. Ин изҳороти Бастрикин аломати мавҷи нави ҳамалот алайҳи вазири молияи Русия Алексей Кудрин дониста мешавад. Сергей Сторчак, як муовини пешини Кудрин, соли гузашта бо иттиҳоми дуздии пулу моли давлат боздошт шуда буд ва феълан мунтазири оғози мурофиаи парвандааш нишастааст. Боздошти Сторчак низ ҳамлаи ҷиноҳи тундрави ҳукумати Русия бар зидди Алексей Кудрин талаққӣ мешуд. Кудрин дар давлати феълии Русия намояндаи ҷиноҳи либералӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG