Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Афви байналмилалӣ аз Туркманистон


Созмони Афви байналмилалӣ гуфт, бо вуҷуди тааҳҳуди Ишқобод ҷиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон, таъқибу боздоштҳо бар асоси далоил ва ангезаҳои сиёсӣ дар он кишвар ҳамчунон башиддат идома доранд. Ин созмони байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон мегӯяд, раҳбари феълии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов бархе сиёсатҳои раисиҷумҳури собиқ Сафармурод Ниёзовро тағйир дод, вале ӯ то ҳол бар тааҳҳудоташ ҷиҳати ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар амал накардааст. Афви байналмилалӣ дар санади имрӯз нашркардааш меафзояд, хабарнигорон, фаъолони ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва аҳли мазҳаб дар Туркманистон ҳамоно ҳадафи таъқибу тарсдиҳӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG