Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салафиҳои қазоқ дар Прог даст ба тазоҳурот заданд


Рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Прог-пойтахти ҷумҳурии Чех даҳҳо нафар паноҳҷӯёни қазоқ даст ба тазоҳурот заданд. Сабаби тазоҳуроти онҳо ин будааст, ки мақомоти муҳоҷиратии ҷумҳурии Чех мехоҳанд тақрибан 200 нафар салафиҳои қазоқро ба Қазоқистон истирдод кунанд. Онҳо аз соли 2006 дар ҷумҳурии Чех ба сар мебаранд ва талош доранд ҳақи паноҳандагӣ бигиранд. Дар аввали моҳи ҷорӣ мақомоти Чех гуфтанд, агар онҳо баъд аз бозгашт ба кишварашон таҳти фишори мақомот қарор нагиранд, дар он сурат аз ҷумҳурии Чех депорт ё истирдод хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG