Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ аз кишварҳои Халиҷи Форс боздид мекунад


Имрӯз боздиди Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса аз кишварҳои Халиҷи Форс оғоз мешавад. Ин боздид се рӯз давом мекунад ва дар ҷараёни он оқои Саркозӣ аз Умону Баҳрайн ва Кувайт боздид ба амал меорад. Мақомоти расмии Фаронса мегӯянд, раиси ҷумҳури ин кишвар омода аст бо Баҳрайн қарордод ва "эъломияе" дар бораи энержии ҳастаӣ имзо кунад. Чунин ба назар мерасад, ки барномаҳои ҳастаии Эрон низ яке аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯ дар ҷарёни ин боздид хоҳад буд. Соли 2008 Фаронса барои ҳамкорӣ бо Имороти Муттаҳидаи Араб дар бахши нируи ҳастаии ғайринизомӣ изҳори омодагӣ кард.

XS
SM
MD
LG