Пайвандҳои дастрасӣ

Имкониятҳои таҳкими равобит бо Аврупо


Раиси Кумисюни Аврупо Жозе Мануел Барроззо

Раиси Кумисюни Аврупо Жозе Мануел Барроззо

Пеш аз Бруссел дидору гуфтугӯҳои президенти Тоҷикистон дар Латвия ба вай майлу такони тоза доданд. Махсусан пас аз шебу фарозҳои ахири дипломатӣ дар муносибат бо Русия ва Узбакистон.

Дар Рига Раҳмон тақрибан бо ҳамаи чеҳраҳои аршади ҳукумати Латвия мулоқот ва дар порлумони ин кишвару маҳфили соҳибкорони ду тараф суханронӣ кард. Ба ҳамон андоза, ки додуситади Тоҷикистону Латвия дар қиёс бо дигар кишварҳои шӯравии собиқ дар яке аз сатҳҳои поинтарин қарор дорад, ваъдаҳои ду тараф барномарезии густарда ва дарозмуддатеро дар миён гузошт, ки қарор аст ин сатҳро ба ҳамон андоза боло барад.

Дар нахустин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Латвия дар таърихи соҳибистиқлолии ду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз "Осорхонаи Ишғол" дар Рига дидан кард. Маводи ин намоишгоҳ аз машаққати Латвия дар зери дасти ду режими тоталитарӣ -- Русияи шӯравӣ ва Олмони ҳитлерӣ ҳикоят мекунад. Акси бузурге, ки дар даромадгоҳи осорхона Раҳмонро пешвоз гирифт, дастфишории раҳбари шӯравӣ Сталин ва вазири корҳои хориҷии Олмон Риббентроп дар 23 августи соли 1939 буд, ки бар зидди Латвия ва дигар кишварҳои атрофи он нигаронида мешуд. Вазъи имрӯзаи Латвия гӯё аёнан мегуфт, мо аз ин ҳама наҷот ёфтем ва ба пои худ истодем.

Аммо Бруссел. Дар барномаи сафар -- мулоқот бо шоҳи Белгия Алберти 2 ва сипас нахуствазири ин кишвар -- Ҳерман ван Рампей. Дар ин ҷо низ ду тараф як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард.

Дар Иттиҳоди Аврупо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумисиюни Аврупо Жозе Мануэл Барроззо , масъули равобити хориҷии иттиҳод Ҳавийер Солана, кумиссари Кумиссиюни Аврупо Бенита Ферреро Валднер баргузор шуда, низ интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар порлумони Аврупо дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Аврупо суханронӣ кунад. Инчунин Раҳмон дар Бруссел бо Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер низ дидору гуфтушунид хоҳад дошт.

Артём Улунян аз Пажӯҳишгоҳи таърихи ҷаҳон дар Маскав мегӯяд, пас аз ончӣ ки дар ду ҳафтаи ахир байни Тоҷикистону Русия ва Русияву Узбакистон рӯй дод, ин сафари ҳайати Тоҷикистон барои Душанбе имкониятҳои муҳимеро боз мекунад.

Вай мегӯяд: "Барои Тоҷикистон ин пеш аз ҳама имконияти дарёфти кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷомеаи Авроатлантик аст. Бо назардошти ончи ки ҳоло дар Қирғизистон ва минтақа мегузарад, барои Тоҷикистон ин як шансест, ки мавқеъи худро дар саҳнаи байнулмилалӣ тақвият диҳад."

Дар пайванд бо баҳси захираҳои обу энержии Осиёи Марказӣ ва мухолифати Узбакистон ба барномаҳои энержии Тоҷикистон, коршинос Улунян мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо метавонад, ин баҳсро ба гунае ҳал кунад, ки ҳамаи тарафҳо қонеъ бимонанд. Вай афзуд, барои Ҷомеаи Авроатлантик як асл муҳим аст, ки кишварҳои минтақаро ба наздиктару дуртар ё хубтару бадтар ҷудо накунад ва барои НАТО-ву Иёлоти Муттаҳида хеле муҳим аст, ки барои ояндаи вазъ дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир кунанд.

Иттиҳоди Аврупо, ки барномаи стратегиеро дар Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, дар як қатор бо Русия, Чин ва Иёлоти Муттаҳида яке аз бозигарони муҳим дар минтақа мебошад. Дар ин нишастҳо амнияту эътидоли минтақаӣ ҳамчун имкони дастрасии Аврупо ба дороиҳои энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ҳарду тараф имкониятҳои зиёд ва мусоиде доранд, аммо дурнамои равобит бастагӣ ба он хоҳад дошт, ки аз ин имкониятҳо чӣ гуна истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG