Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, бе Манас ҳам азоб намекашад


Як генерали амрикоӣ мегӯяд, дар сурати бастани пойгоҳи низомии Манас дар Қирғизистон ҳам, амалиётҳои низомӣ дар Афғонистон халалдор нахоҳад шуд. Генерал Ҷеймс Макконвил гуфт, Амрико роҳҳои зиёде барои расонидани сарбозу таҷҳизот ба Афғонистон дорад ва пойбанди роҳҳои ягона нест. Ҳукумати Қирғизистон аввали ҳамин ҳафта эълом кард, ки дигар иҷоза намедиҳад, то Амрико барои интиқоли лавозимоту сарбозонаш ба Афғонистон аз пойгоҳи Манас истифода кунад. Қирғизистон мехоҳад, то Иёлоти Муттаҳида барои истифодаи пойгоҳ пули бештаре бипардозад ва Ҷеймс Макконвил гуфт, музокирот бар сари нигаҳ доштани сарбозон дар Манас идома дорад.
XS
SM
MD
LG