Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ироқиҳоро табрик мегӯяд


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ бо як сафари ғайриинтизор вориди Бағдод шуд. Бегаҳи имрӯз музокироти ӯ бо сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ дар назар аст. Намояндаи Дабири Кулли СММ хабар дод, ки Бан Ки Мун мехоҳад мардуми Ироқро бо баргузории интихоботи мақомоти маҳаллӣ табрик кунад. Интихоботи мақомоти маҳаллии Ироқ рӯзи шанбеи гузашта дар фазои амну оромӣ доир гардид ва, тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, дар он Эътилофи таҳти раҳбарии Нурӣ Ал-Моликӣ пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG