Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хостори тарҳи системи нави амниятӣ шуд


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки ҳамроҳ бо Маскав мавзӯъи системи нави таъмини амнияти Аврупо, аз ҷумла, амнияти энерҷиро баррасӣ намоянд. Имрӯз дар Маскав сарвари Русия ва ҳайати Комиссиюни Аврупо таҳти раёсати Жозе Мануэл Баррозу музокирот анҷом доданд. Дар ин гуфтушунид мавзӯъи моҷарои газ миёни Маскав ва Киев, ки бар асари он кишварҳои аврупоӣ барои чанд муддат аз дарёфти гази Русия маҳрум монданд, баррасӣ шуд. Қарор аст ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бо сарвазири Русия Владимир Путин ҳам мулоқот кунад. Равобити миёни Русия ва Иттиҳодияи Аврупо баъди ҳаводиси Қафқоз дар моҳи августи соли гузашта сард гардид.

XS
SM
MD
LG