Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА барои артиши Тоҷикистон тамрингоҳ месозад


Трейсӣ Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки Душанбе ба интиқоли борҳои ғайринизомии НАТО ба Афғонистон аз тариқи ҳарими ҳавоияш иҷозат додааст. Дипломати воломақоми амрикоӣ ҳамчунин аз омодагии Вошингтон барои саҳм гирифтан дар таҷдиди бунгоҳҳои марзбонии Тоҷикистон хабар дод. Хонум Ҷейкобсон афзуд, ИМА тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Турсунзода барои артиши Тоҷкиистон як тамрингоҳи низомӣ бунёд кунад. Сафири Амрико ва раисиҷумҳури Тоҷикистон сари мавзӯъи ҷилавгирӣ аз паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон низ тамаркуз карданд.

XS
SM
MD
LG