Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати парлумони Аврупо ба шинохти Косово


Парлумони Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, истиқлолияти Косоворо эътироф кунанд. Косово истиқлолияташро аз Сербистон дар моҳи феврали соли гузашта эълон кард ва то кунун 22 кишвар аз 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо Приштинаро ба расмият шинохтаанд. Аммо Қибрис, Юнон, Словакия, Испания ва Руминия ба ин далел, ки эътирофи истиқлолияти Косово вилоятҳои дигари ҷудоиталабро таҳрик хоҳад дод, то ҳол аз шинохти Косово худдорӣ мекунанд. Қарори парлумони Аврупо барои кишварҳои узв воҷиб-ул-иҷро нест.
XS
SM
MD
LG