Пайвандҳои дастрасӣ

Аршавин аз "Зенит" ба "Арсенал" гузашт


Андрей Аршавин, бозигари хатти ҳуҷуми тими миллии футболи Русия ва тими “Зенит”-и Санкт-Петербург ба тими “Арсенал”-и Инглистон гузашт. Мӯҳлати қарордоди ӯ бо “Арсенал” севуним сол ва маблағи қарордод 16,5 миллион фунт стерлинг, муодили беш аз 23 миллион доллари амрикоӣ, гуфта мешавад. Ситораи Аршавин дар мусобиқоти қаҳрамонии имсолаи футболи Аврупо дурахшид ва аз тобистон ба ин сӯ чанд тими маъруфи футболи Аврупо талош доштанд, ин бозигарро ба даст биоранд.
XS
SM
MD
LG