Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4,7 миллион доллар кӯмаки Токио ба Тоҷикистон


Давлати Ҷопон барои Тоҷикистон ба маблағи 4 миллиону 700 ҳазор доллар кӯмаки билоиваз ҷудо кардааст. Намояндагии Барномаи ғизои СММ дар Тоҷикистон мегӯяд, ин маблағ барои харидории тақрибан 6 000 тонна орд ва 1200 тонна маҳсулоти лубиёӣ ба хотири кӯмак ба ақшори ниёзманди аҳолӣ масраф хоҳад шуд. Созишномаи марбута дирӯз дар Душанбе миёни Ожонсии рушди байналмилалии Ҷопон ва Барномаи ғизои СММ ба имзо расид.
XS
SM
MD
LG