Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуоти Русия дар бораи худдории Раҳмон


Аз сафар ба Маскав ва ширкат дар нишастҳои сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё худдорӣ кардани раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар матбуоти Русия бозтоби густурда пайдо кардааст. “Ведомости” менависад, Раҳмон аз ҳамтои русаш Дмитрий Медведев “қаҳр кардааст”. “Комсомолская правда” дар сайти интернетиаш навишт, ки “бӯҳрони энержӣ монеъи ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон дар саммитҳои Маскав шудааст.” Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи якшанбе гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба маҳзи бӯҳрони энержие, ки дар фасли сармо кишварашро фаро гирифтааст, ба Маскав намеравад. Ба гуфтаи сухангӯи ин вазорат Давлат Назрӣ, дар даҳаи аввали моҳи феврал кадом сафари хориҷии раисиҷумҳури Тоҷикистон барномарезӣ нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон то кунун аз ширкат дар нишастҳои сарони кишварҳои пасошӯравӣ боре ҳам худдорӣ накарда буд.
XS
SM
MD
LG