Пайвандҳои дастрасӣ

Боймуҳаммад Ниёзов аз олам даргузашт


Аз шаҳри Хуҷанд дар бораи даргузашти ҳунарманди маъруф ва устоди “Шашмақом” Боймуҳаммад Ниёзов хабар расид. Ӯ субҳи имрӯз, якуми феврал, дар синни 82-солагӣ оламро падруд гуфт. Устод Боймуҳаммад Ниёзов умри худро сарфи омӯзиш ва тарғиби мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” намуд ва на фақат 253 навои онро комилан аз бар кард, балки ин ҳунари волоро ба садҳо ҷавонони шефтаи мусиқии классикӣ омӯзонд. Солҳои ахир Боймуҳаммад Ниёзов, бо вуҷуди маризӣ, ба дастаи шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” роҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG