Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се сарбози покистонӣ дар инфиҷор


Бар асари таркиш дар шимолу ғарби Покистон се сарбози ҳукуматӣ кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъ, майни канори роҳ дар ҳоле мунфаҷир шуд, ки корвони мошинҳои низомӣ аз ин минтақа убур мекард. Сухангӯи артиш изҳор намуд, ин ҳодиса шоми рӯзи ҷумъа дар наздикиҳои водии Сват рух додааст, ки он ҷо яку ним сол боз миёни артиши ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои пуштибон аз “Толибон” задухурдҳо идома доранд.

XS
SM
MD
LG