Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ барои бозсозии Ғазза 613 миллион доллар мехоҳад


Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, бо мақсади кӯмак ба аҳолии Ғазза, ки аз ҳамлаи Исроил зиён дидааст, 613 миллион доллар гирдоварӣ шавад. Дар нутқе дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давоси Швейтсария, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки-мун гуфт, ҳамаи кишварҳо, ба шумули Исроил низ бояд дар бозсозии Навори Ғазза ширкат кунанд. Вай афзуд ин сармоя метавонад ба талаби бунгоҳҳои Созмони Милал ва дигар ниҳодҳои имдодрасон барои шаш то нуҳ моҳ ҷавобгӯ бошад. Ба маълумоти Созмони Милал дар натиҷаи амалиёти сеҳафтаинаи Исроил барои боздоштани мушакпаронии Ҳамоc дар Навори Ғазза 21 000 хона аз байн рафта ё ҷиддан тахриб шудааст
XS
SM
MD
LG