Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қароргоҳи "Муҷоҳидони халқ" баста мешавад


Ироқ гуфт, қароргоҳе, ки дар он тайи ду даҳсолаи ахир аъзои гурӯҳи мухолифини "Муҷоҳидони халқ"-и Эрон ба сар бурдаанд, баста мешавад. Мушовири амнияти миллии ҳукумати Ироқ Муваффақ Ар-Рубоӣ дар ин бора дар ҷараёни як нишасти матбуотие дар Теҳрон ҳамроҳ бо Саиди Ҷалилӣ, дабири кулли Шӯрои амнияти миллии Эрон изҳорот дод. Вай гуфт, ки гурӯҳи "Муҷоҳидони халқ" ба амнияти Эрон хатар дорад. Тибқи гузоришҳо аз Бруссел, дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ба як тавофуқи санҷишӣ даст ёфтанд, ки исми ин созмони сиёсиро аз феҳрасти ташкилоти террористӣ ҳазв кунанд.
XS
SM
MD
LG